Суҳбатҳои телефонӣ

№90 (4352) 06.07.2021

4 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он ҷараёни ташвишовари вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонис­тонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба шиддат гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикис­тон ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ Раисҷумҳури Афғонистонро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҷараён гузошт.

Ҳамчунин, мавқеи устувори Тоҷикис­тон нисбат ба қазияи Афғонис­тон, ки аз дахолат накардан ба умури дохилии он ва дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои ҳукумати расмии давлати ҳамсоя ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва амният иборат аст, таъкид гардид.

Дар робита ба ин, Президенти кишвар зикр карданд, ки Тоҷикистон ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар Афғонистон буда, минбаъд низ аз ҳама талош ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро таъкид карданд.

5 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, вазъияти ташвишоварро, ки алҳол дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии он ҷараён дошта, периметри хати сарҳади давлатии ҳар ду кишвар аз онҳо мегузарад, баррасӣ карданд.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба далелҳои нави убури маҷбурии хати сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҳайати низомии неруҳои ҳукуматии Афғонистон воқиф намуданд. Дар ин замина, вазъ дар хати сарҳад бо ин кишвар хеле пуршиддат арзёбӣ карда шуд.

Омодагии ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкории мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар бахши таъмини амният, бахусус дар таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон, тасдиқ гардид.

Зимни суҳбат баъзе аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нимаи дуюми 5 июли соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ намуданд.

Сарони давлатҳо ҷанбаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар манзари бад шудани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар кишвари ҳамсоя муфассал таҳлил карданд.

Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақа, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишварро зарур донистанд.

5 июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он сарони давлатҳо масъалаҳои муб­рами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, ба якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.

Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва ИДМ аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин, расонидани ёрии моддию техникӣ ва кумак ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, омодагии тарафайн ба кори ҳадафмандона дар самти рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳор карда шуд.

6 июли соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти  якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

 Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Қазоқистон таҳти роҳбарии Нурсултон Назарбоев, инчунин саҳми арзишманди Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро дар роҳандозӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон ёдовар шуданд.

Ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон низ ибрози ақида намуда, баъзе аз масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Хусусан, ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат қаблан ба унвони  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

www.president.tj