Суҳбатҳои телефонӣ

№124-125 (4386-4387) 05.10.2021

 5 октябри соли 2021 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Президенти Қазоқистони дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба ҷашни зодрӯзашон самимона табрик намуда, беҳтарин таманниёташонро иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат сарварони ҳар ду давлат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Пешвои миллат ба Президенти Қазоқистон барои таҳнияташон ибрози сипос намуда, бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи муносибҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ қайд карданд.

Дар ин зимн ба татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳо ҷиҳати пешбурди ҳамкории ҷонибҳо, ки дар рафти сафари расмии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ҳосил гардиданд, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

5 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудашон гарм табрик гуфта, ба соҳибҷашн таманниёти беҳтаринашонро орзу намуданд ва тағйироти бузургеро, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат дар кишвар ба вуқӯъ пайвастаанд, қайд карданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон тайи вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимиро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи дигар ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ сурат гирифт.

5 октябри соли 2021 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев доир гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Сарвари давлатро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик карда, ба соҳибҷашн сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд. Дар ин зимн сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба пешрафти босуботи кишвар дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби муҳтарам Илҳом Алиев ба таври хоса таъкид гардид.

Президентҳо ҷанбаҳои рӯзмарраи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуда, ҷараёни рушди мусбат ва тавсеаи онҳоро ба нафъи мардуми ба ҳам бародари ҳар ду кишвар қайд карданд.

 Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ доир шуд.

5 октябри соли 2021 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болоии парламенти Россия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда дар мансаби олии давлатӣ Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои пешбурди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳо нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари давлат ба Валентина Матвиенко барои табрикот арзи сипос намуда, изҳори боварӣ карданд, ки маҷмӯи муносибатҳои байни Тоҷикистону Россия минбаъд низ ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар рушд хоҳанд ёфт.