Суҳбатҳои телефонӣ

№ 06.01.2022

5 январи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Никол Пашинян баргузор гардид.

Зимни суҳбат Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Тоқаев дар бораи расонидани кумак аз ҷониби кишварҳои аъзои СААД дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот дод.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД, тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ эълом намуданд.

Суҳбат дар рӯҳияи созанда баргузор гардид.

                                      ***

6 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбарони ҳар ду давлат рафти иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилшударо баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Сарони ҳар ду кишвар вазъи кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ намуда, изҳори умед карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳар чӣ зудтар барқарор хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагиро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид намуданд.

                                      ***

6 январи соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Тоқаев сурат гирифт.

Сарвари Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъ дар кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият барои ба эътидол овардани он андешидашуда маълумот дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.

Президенти Тоҷикистон омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД, тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ эълом намуданд.