1 майи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ баргузор гардид.
Дар оғоз роҳбарони ҳар ду давлат ҳамдигарро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.
Зимни табрикот Пешвои миллат ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некуаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳо баррасӣ намуданд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ даъвати қаблан ирсолгардидаро аз Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Эрон бори дигар таъкид карданд.
Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
***
3 майи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид.
Зимни он сарварони ҳар ду кишвар ба муносибати иди саиди Фитр якдигарро самимона табрик гуфтанд. Аз ҷумла, Роҳбари давлати мо ба мардуми бародари Туркияи дӯст сулҳу некуаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаи рушду тавсеаи ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом Пешвои миллат бо ишора ба аҳамияти идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба даъвати хешро аз Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ҷиҳати дар муҳлати муносиб анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон таъкид карданд.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.
www.president.tj