Панҷуми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доштанд.
Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик намуданд.
Сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамчунин, омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.
Панҷуми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро иброз дошт.
Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ гардиданд.
Панҷуми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доштанд.
Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ таманниёти некашро иброз дошт.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.
Панҷуми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ намуданд.
Сарвари Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфт.
Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди кишвар ва афзоиши обрӯи байналмилалии он махсусан таъкид кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба саҳми Нурсултон Назарбоев вобаста ба рушди муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар дар сатҳи ҳамёрии стратегӣ, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳамкориро фаро мегирад, баҳои баланд дод.
Сарони давлатҳо, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Панҷуми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев суҳбати телефонӣ доштанд.
Сарвазири Россия аз номи Ҳукумати кишвараш ва аз номи худаш Сарвари давлати Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик намуда, таманниёти некашро баён кард.
Дмитрий Медведев саҳми шахсии муҳиму назарраси Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ ба таври махсус зикр намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия майлу рағбати мутақобилаи худро ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар ҳамаи арсаҳо ва шаклҳо таъйид намуданд.
Ҷонибҳо дар мавриди тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байниминтақавию соҳибкории кишварҳо, ки дархӯри манфиатҳои дарозмуҳлати Тоҷикистону Россия мебошанд, ҳамақида буданд.