Суҳбатҳои телефонӣ

№156 (3950) 31.12.2018

28 декабри соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат сарони ду давлат ба муносибати фарорасии Соли нав табодули табрикоти самимӣ карданд.

Сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз ҷараёни рушди муносибатҳо дар самти шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тарафҳо зарурати идома додани ҳамкории муштаракро оид ба пешбурди минбаъдаи шарикии созанда ба манфиати умумии ҳар ду кишвар ва минтақа таъкид карданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно намуданд.

28 декабри соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нав табрику таҳният гуфта, ба мардуми ҳар ду кишвар изҳори таманниёти нек намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соли сипаришуда ҳамгироии дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои гуногун ба таври назаррас рушд кард.

Дар ин замина, аҳамияти татбиқи мунтазами тавофуқоте, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон моҳи феврали соли равон, инчунин дар дигар вохӯриҳои кории роҳбарони ду давлат ба миён омадаанд, зикр гардид.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.

Зимни суҳбат, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат дар фазои дӯстона табодули табрикоти самимии солинавӣ ва барои мардуми тоҷику ӯзбек сулҳ ва шукуфоӣ орзу намуданд.

Ҷонибҳо суръати баланди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бахусус дар соҳаи шарикии минтақавиро дар соли сипаришаванда, ки мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳои Осиёи Марказӣ мундариҷаи нави амалиро фаро мегирад, бо қаноатмандӣ зикр карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар рушди ин равандҳои созанда таъкид намуданд.

Ҷонибҳо бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории дарозмуҳлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи самт дар доираи шарикии стратегии ҳар ду кишвар идома хоҳад ёфт.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин, як зумра масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

29 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ баргузор намуданд.

Дар суҳбат, ки дар фазои дӯстонаи барои муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо хос сурат гирифт, сарони давлатҳо ба муносибати соли нави 2019 табодули табрикот ва таманниёти нек намуданд.

Пешвои миллат ба мардуми дӯсти Россия ба муносибати фарорасии соли нав сулҳ ва шукуфоии минбаъда таманно карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми назарраси шахсии Владимир Путин дар рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ махсус ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими фаъолияти муштараки минбаъда ба манфиатҳои бунёдии халқҳои ҳар ду кишвар омили муҳими суботу амният дар минтақа мебошад.

Ҷонибҳо доир ба минбаъд низ тақвият бахшидани рушди ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар ҳама ҷанбаи ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин, зимни суҳбат доир ба як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.president.tj