Суҳбатҳои телефонӣ

№ 11.04.2020

Нуҳуми апрели соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлати мо ба роҳбарият ва мардуми бародари Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонида шуд, арзи сипос намуданд.

- Ин кумаки дӯстона, ки иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ буд, боз як нишонаи ­анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик дар тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд, — иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар суҳбат, ҳамчунин, ҷараёни устувори рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ зикр гардид.

Ҷонибҳо, ҳамзамон, дар робита ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлоти хавфноки афзоиши таназзули нав, ба ҳамдигар аз вазъи давлатҳояшон  дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус баамаломада иттилоъ доданд.

Аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои минтақавӣ барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.

Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор гардид.

Нуҳуми апрели соли 2020 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он сарони ду давлат паҳлуҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо суръати рушди устувори муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳимияти кӯшишҳои муштараки минбаъдаро баҳри нигоҳ доштани ин раванд зикр карданд.

- Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва мамлакатҳои моро анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд, — зикр намуданд Президенти Тоҷикистон.

Дар ин ҳошия ба Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқис­тон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи барои ҳама мушкил изҳори ташаккур карда шуд.

Роҳбари давлат омодагии ҷониби Тоҷикис­тонро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин, интиқоли пиёз, иброз доштанд.

Зимни баррасии масъалаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки алҳол дар пасманзари пандемия дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд.

Президенти Тоҷикистон вокуниши саривақтии Қазоқистони бародарро ба паҳншавии ин сирояти хатарнок зикр намуда, ба тадбирҳои қатъие, ки бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва Ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд доданд.

Сарони давлатҳо бо нигаронӣ оид ба равандҳои ҳар чӣ бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори андеша намуданд.

Дар робита ба ин, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо пайомадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.

Ҳаштуми апрели соли ҷорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод тавассути телефон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро оид ба рафти тадбирҳои ободонию бун­ёдкорӣ ва киштукори баҳорӣ шуниданд ва доир ба вусъати киштукор, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо дастур доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус, картошкаро, бознигарӣ ва майдони кишти онро 40 — 50 фоиз зиёд намоянд.

Раисони ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ чораҳои мушаххас андешанд.

9 апрели соли 2020 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ, Фархор ва Хуросон тавассути телефон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, киштукори баҳорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои боду ҳавои номусоиди рӯзҳои охир шунида, ба онҳо доир ба вусъати киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва макаи дон то 60 фоиз зиёд намоянд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки вобаста ба вазъи фавқулодаи боду ҳаво барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла, пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.

Супоришҳои дигар ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ дода шуд.

www.president.tj