Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Филипп Де Леон

№82 (3719) 15.07.2017

 35073599454_41cd90b7e9_oЧордаҳуми июли соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷойгоҳи хосаи рушди равобити дутарафа ва ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар сиё­сати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Америка ба Тоҷикистон барои мубодилаи афкор оид ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамшарикии байни ду давлат дар арсаҳои тиҷорату иқтисод муҳим шуморида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ зиёда аз 30 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ба имзо расидааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари соҳибкорону сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон шароити мусоиду заруриро фароҳам овардааст.

Доир ба ҳамкории доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармояи соҳибкорону тоҷирони ин давлат дар пешбурди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

www.president.tj