Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Мамнун Ҳусейн

№111 (3748) 19.09.2017

37275727305_586628d109_o (1)17 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5 -умин Бозиҳои осиёӣ, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покис­тон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.

- Мо аз раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат ба таҳкими бештари равобит ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо мусоидат хоҳад кард.

Азму ниятҳои муштарак барои дар оянда афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва тақвияти кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гурӯҳи муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор таъкид карда шуд.

Ҳар ду ҷониб барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика, бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ, амнияту мудофиа ва фарҳанг омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

www.president.tj