Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Шариф Яфтали

№104 (3741) 29.08.2017

MNK_303528 августи соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталиро ба ҳузур пазируфтанд.

Рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари бародари Афғонистон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори тақвияти ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеа бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд.

Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Хитой, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳими таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.

Дар ҳамин замина ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар қаламрави Афғонистон баҳои баланд дода шуд.

Доир ба таҳкими ҳамкориҳои ҳарбиву техникии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар самтҳои амниятӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, иқдомҳои муштарак дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, муборизаи беамон алайҳи шабакаҳои террористии байналмилалӣ, амалҳои ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир мувофиқи мақсад шуморида шуд.

www.president.tj