Суҳбати Пешвои миллат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сергей Румас ва Дмитрий Медведев

№124 (3918) 13.10.2018

11 октябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии ­«Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ­масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯс­тонаи кишварҳо, мавзӯъҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ саъю талош меварзанд, дар кишвари дӯсту ҳамсоя — Афғонис­тон сулҳу салоҳи комил ҳукмфармо бошад.

Ҷонибҳо аз бархӯрдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари неруҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бар зидди таҳдид­ҳои глобалӣ, чун терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ­шаклҳои ҷинояткории созмон­ёфтаи фаромиллӣ, ­густариши ҳамкории амниятии кишварҳоро тақозо мекунад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, омодагиро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, танду­рустӣ ва иттилоот таъкид намуданд.

12 октябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии ­«Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румасро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушду густариши равобити ду кишвар, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳо ва сафарҳои ҷавобии онҳо ба даст омадааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ карда, таъкид доштанд, ки муносибатҳо дар асоси эътимоду боварии дуҷониба ҷараён гирифта, марҳила ба марҳила ба сатҳи шарикии стратегӣ мебароянд.

Таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Тарафҳо, ҳамчунин, ­масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманди иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла, робитаҳои байни минтақаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, воридоти техникаю технологияи муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъсиси Корхонаи муштараки «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор оид ба истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳо дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ ва аҳли эҷод низ аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ буданд.

12 октябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ба рушди минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар шакли шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Аз сатҳи баланди муносибатҳо, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, муколамаи доимии сатҳи олӣ ҳамчун омилҳои таҳкимбахш ва таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳама соҳа низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ­масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия дар самти энергетикаро аз ­масъалаҳои дигари суҳбат қарор доданд.

Ба масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикис­тон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Тарафҳо, ҳамчунин, оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадот изҳори андеша намуданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

www.president.tj