Суҳбати Пешвои миллат бо Муҳаммад Боқирӣ

№60 (4480) 19.05.2022

52078980402_84fbcea4fe_o17 майи соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қас­ри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд.

 Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъкид намуданд.

www.president.tj