Суҳбати Пешвои миллат бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ

№69 (4175) 11.06.2020

49991462651_7b937ac1fb_o10 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур дошт, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус — COVID-19-ро дар Тоҷикис­тон баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикис­тон бо ташкилоти бонуфузи молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии беморӣ дар Тоҷикистон барои пешгирии он кумак кард.

Ҷонибҳо дар бораи паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19, ки аксар кишварҳои оламро фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии онро ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикис­тон баррасӣ намуданд.

Зикд гардид, ки Тоҷикис­тон аз рӯзҳои аввали бақайд­гирии беморӣ чораҳои фаврию судманд андешида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19-ро таъсис дода, беморхонаҳо бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ таъмин шуданд.

Ҷараёни табобати беморон, беҳдошти вазъи беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоён ва таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ  шуд.

www.president.tj