Суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров

№49 (3350) 04.04.2015

лавров

Нимаи дуюми рӯзи дуюми апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Рушди шарикии стратегӣ бо Федератсияи Россия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст».

Доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Россия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд. Чунонки зикр гардид, чор санади нав миёни ду кишвар омода шудааст, ки бо ба имзо расидани онҳо бисёр мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бартараф мешаванд.

Бо изҳори қаноат аз он, ки наздики 30 фоизи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия сурат мегирад, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мушкилоте низ вуҷуд доранд, ки ҳалли худро мунтазиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

www.president.tj