23 декабри соли 2019 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Зимни он сарони давлатҳо оид ба ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, изҳори андеша намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат Қосим-Жомарт Токаев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал овард.
Дар интиҳо президентҳо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 ҳамдигаррро табрик гуфта, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некуаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд.
www.president.tj