Суҳбати телефонӣ

№48 (4154) 16.04.2020

15 апрели соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба Президенти Федератсияи Россия барои дастгирӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла, бо воситаҳои тестӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, дар даврони барои ҳама душвор арзи сипос намуданд.

Дар ин робита, Президенти Тоҷикистон аҳамияти амалҳои муштараки минбаъда ва мусоидати фавриро бо якдигар таъкид карда, иброз доштанд, ки дар рӯзҳои вазнин бояд чун пештара ҳамдигарро дастгирӣ намоем.

Ҷонибҳо атрофи вазъи дар пасманзари хатари паҳншавии фаромарзии пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар баамаломада мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Тоҷикистон ба талошҳои саривақтии роҳбарият ва Ҳукумати Россия дар ҷодаи гирифтани пеши роҳи паҳншавии вируси сироятии хатарнок баҳои баланд дода, матонати табибони Россияро, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо пандемия дар дохили кишвар ва берун аз он қарор доранд ва чораҳои дар кишвар ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидашаванда махсус қайд карданд. Изҳори итминон карда шуд, ки Россия бо такя ба иқтидор ин санҷиши ҷиддиро низ паси сар хоҳад кард.

Дар суҳбат, инчунин, сарони давлатҳо масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон ҷараёни рушди боустувори ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар дар соли гузаштаву семоҳаи соли ҷорӣ ва зарурати дар оянда низ нигоҳ доштани ин раванди мусбатро таъкид карданд.

Ҳамчунин, ба муҳимияти идомаи ҳамоҳангии талош­ҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ишора карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои мубрами муҳоҷирати меҳнатӣ Сарвари давлат иқдоми ҷониби Россияро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва тамдиди муҳлати будубошашон мусбат арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти калидии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ таъкид шуд.

Дар ин миён ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон, идомаи шарикии самарабахш дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

www.president.tj