10 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Сарвари давлат Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатӣ — Президенти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи пешравию шукуфоии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманди Александр Лукашенкоро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хоса таъкид карданд.
Зикр гардид, ки ба шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду давлат муваффақона дар самти шарикии стратегӣ густариш ёфта истодааст.
www.president.tj