21 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Зимни он сарони ду давлат масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, иттилоот ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон қарор дорад ва барои густариши бештари онҳо ҳар ду ҷониб тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Доир ба иштироки фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 низ табодули афкори судманд доир гардид.
Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту бехатарӣ, таҳкими иқтидору имконоти ҳимояи марзи давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Сарони ҳар ду давлат оид ба сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар интиҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ, пешрафту тараққиёт ва салому паёми самимӣ изҳор доштанд.
Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик барору комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.
www.president.tj