Суҳбати телефонӣ

№128 (4234) 15.10.2020

12 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо камоли самимият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандии комил ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти давлатиашон иброз доштанд. Дар ин зимн Сарвари давлати Афғонистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо таъкиди нақши хосаи Пешвои миллат дар рушду таҳкими муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар даврони муосир изҳори итминон карданд, ки робитаҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Афғонистон дар оянда низ тавсеа ёфта, дар ҳама самти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷанбаҳои навро фаро хоҳанд гирифт.

Ба ин манзур, сарони ду давлат масоили гуногуни марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо атрофи баъзе аз масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

www.president.tj