Суҳбати телефонӣ

№50 (3687) 09.05.2017

Панҷуми майи соли 2017 гуфтугӯйи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои пайвастаи ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъда таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҷонибҳо атрофи вазъи ноороми Афғонистон, бахусус минтақаҳои шимоли он, мубодилаи афкор карданд.

Доир ба ҳамкориҳои амниятӣ ва низомию техникӣ, аз ҷумла дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадот, ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешаванд. Сарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд.

Сарвари давлати Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистони ҳамсоя омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгаройӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид карданд.

Раисҷумҳури Афғонистон барои дастгирии доимии амниятиву иқтисодии Афғонистон  изҳори миннатдорӣ намуда, сипоси амиқи худро, бахусус, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар хотима Ашраф Ғанӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Афғонистон ташриф биёранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муҳлати баргузории сафари мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

www.president.tj