28 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат ба Президенти Туркманистони дӯст дар робита ба талафоти гарон — фавти падарашон Мяликгули Бердимуҳамедович Бердимуҳамедов таъзия ва тасаллиёти амиқ баён карданд.
«Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам», — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Ҳамчунин, атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ин зимн, президентҳои ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин, ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳама ҷанбаи ҳамкории дуҷониба баргузор намоянд.
www.president.tj