17 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ намуданд.
Дар ҷараёни он Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, фаъолияти бисёрсолаи самарабахши давлатии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки боис ба эҳтироми баланд ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ гардидааст, бахусус қайд карданд.
Инчунин, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистон ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сиғаи шарикии стратегӣ бомаром рушд меёбанд, таъкид гардид.
Ҳамчунин, ҷонибҳо дар атрофи рӯзномаи музокироти қарибулвуқӯи сатҳи олии ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.
Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон омили густариши минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвари ба ҳам бародарро ташкил хоҳанд дод.
www.president.tj