Суҳбати телефонӣ

№82 (4344) 24.06.2021

 23 июни соли 2021 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар оғози он роҳбарони ҳар ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд ва ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд доданд. Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти мазкур ба рушди бемайлони шарикии стратегии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Президентҳо, инчунин, вазъи ҳозираи сиёсиву низомии Афғонистони ҳамсояро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ бояд ҳамаҷониба мусоидат карда шавад.

Ҷонибҳо бо нигаронӣ оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии Афғонистон, ки ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад, ибрози андеша намуданд.

Дар робита ба ин, аҳамияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ҳар ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба қайд гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, инчунин, роҷеъ ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қазоқистон ва баъзе аз масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор карданд.

www.president.tj