Суҳбати телефонӣ

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

 23 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбарони давлатҳо муносибати дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаҳои музокироти пешинаи сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин, аҳамияти татбиқи ҳадафмандонаи мувофиқаҳои дар рафти он сафар бадастомадаро, ки самтҳои калидии ҳамкориҳои ҳар ду кишварро фаро мегиранд, таъкид карданд.

Дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ қарор доштанд. Президентҳо вазъи ташвишовареро, ки дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвас­тааст, баррасӣ намуда, онро хеле ҳам шиддатнок арзёбӣ карданд. Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба он ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Инчунин, идомаи ҳамоҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид шуд.

Зимни суҳбат дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ низ баррасӣ гардиданд.

www.president.tj