29 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ намуданд.
Дар ҷараёни он Сарвари давлат Президенти Туркманистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона муборакбод гуфтанд.
Пешвои миллат фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин, обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карда, ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу намуданд.
Ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, алоқамандиро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муҳтавои ҳамкорӣ иброз карданд.
Сарони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.
Зимни суҳбат масъалаҳои алоҳидаи дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.