Суҳбати телефонӣ

№91 (4353) 10.07.2021

6 июли соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқис­тон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ ­намуданд.

Зимни он Сарвари давлати Тоҷикистон бо таманниёти нек Президенти  якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, дастовардҳои бузурги Қазоқистон таҳти роҳбарии Нурсултон Назарбоев, инчунин, саҳми арзишманди ӯро дар роҳандозӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон ёдовар шуданд.

Ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ибрози ақида намуда, баъзе аз масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро низ баррасӣ карданд. Хусусан, ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикис­тону Қазоқистон, инчунин, вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат қаблан ба унвони  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

www.president.tj