Суҳбати телефонӣ

№108 (3745) 09.09.2017

Ҳафтуми сентябри соли 2017 бо ибтикори ҷониби Туркия миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия — 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвари бо ҳам дӯст иброз доштанд.

Сипас, дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум як силсила масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро мавриди табодули афкор қарор доданд.

Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки муколамаи доимии сатҳи олӣ омили муҳими рушду таҳкими пайгиронаи муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Туркия дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар ин замина паймон ҳосил гашт, ки  санаи ташрифи расмии Президенти Туркия ба Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Он­ҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамзамон, ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро  дар Ракхайн қотеона маҳкум карданд.

Аз ин лиҳоз, ҷонибҳо  ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ, мазҳабӣ  сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида ва ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуданд, ки бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Суҳбати телефонии сарони ду давлати дӯст дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро низ фарогир буд.

www.president.tj