23 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат сарони ҳар ду давлат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн, ба вазъияти ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.
www.president.tj