Суҳбати телефонӣ

№107 (4369) 26.08.2021

25 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Пешвои миллат нахуст ба Сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси баррасии масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии он таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз доштанд, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.

Сарвари давлат бо нигаронӣ зикр карданд, ки Афғонистон ҳоло бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

Президенти Тоҷикистон ба Президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои эътилоф аз кишвар маълумот доданд.

- Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳо мебошад, — изҳор дош­танд Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаи Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар дастур медиҳанд, то роҷеъ ба он ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.

www.president.tj