Суҳбати телефонӣ

№ 26.08.2021

26 августи соли 2021 бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Дар оғоз Пешвои миллат ба ҷаноби Шарл Мишел барои ташаббуси баррасии мушкилоти Афғонистон изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар он кишварро бо нигаронӣ зикр карданд.

Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки бинобар хуруҷи босуръати неруҳои эътилофи байналмилалӣ, Афғонистони азияткашида дар остонаи фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои нав барои минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор меорад, қарор дорад.

 Аз эҳтимоли дар минбаъда ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил ёфтани қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ шуда, бо таассуф зикр гардид, ки Толибон, сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавӣ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд.

- Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад, — гуфтанд Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин узбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Дар ин замина аҳамияти таъсиси ҳар чӣ зудтари ҳукумати фарогир таъкид карда шуд.

Инчунин, дар бораи пурзӯр кардани расонидани ёрии башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо буҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ибрози андеша карда шуд.

Зимни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон мавриди назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо мавқеи якдигарро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Дар бораи идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳ оид ба мушкилоти Афғонистон ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мувофиқа ҳосил шуд.

Дар фарҷом Шарл Мишел аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ҷиҳати анҷом додани сафар ба Брюссел дар моҳи октябри соли равон даъват ба амал овард.