Суҳбати телефонӣ

№126 (4388) 07.10.2021

5 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлатро ба муносибати зодрӯзашон самимона ва бародарвор муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон муваффақиятҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин зимн, Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.

Ҳамчунин, қайд шуд, ки то ба ҳол ҷонибҳо кори зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекис­тон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам тавсеа хоҳад ёфт.

Пешвои миллат ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон комёбӣ хостанд.

Дар рафти суҳбат сарони ҳар ду давлат, ҳамчунин, ­масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.