Суҳбати телефонӣ

№127-128 (4389-4390) 12.10.2021

7 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир карданд.

Дар ҷараёни суҳбати дӯстона Президенти мамлакат Роҳбари давлати Россияро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти давлатиашон орзу намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти пурмаҳсули Владимир Путинро дар маснади Президенти Федератсияи Россия ва саҳми шоёни ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ба таври хоса таъкид карданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, Владимир Путинро ба муносибати баргузории бомуваффақияти чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Россия муборакбод намуданд.

Дар рафти суҳбат президентҳо ба муколама атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории дуҷониба ва масоили мубрами таъмини амнияти минтақавӣ идома бахшида, ба вазъи Афғонистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

www.president.tj