Суҳбати телефонӣ

№132 (4394) 26.10.2021

25 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу карданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, дурнамои таҳкими минбаъдаи онҳо дар рӯҳияи анъанаҳои бисёрасра ва созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардуми ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.

Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз ҷараёни рушди бомароми ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба саҳми арзандаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ин раванд баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ изҳори боварӣ намуда, омодагиро барои ғанӣ гардонидани муносибат ва ҳамкории дӯстонаи кишварҳо бо мазмуну мундариҷаи бештару созанда таъкид намуданд.

Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.