Суҳбати телефонӣ

№141 (4403) 18.11.2021

 17 ноябри соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян баргузор гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Арманис­тон ҳамчун Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ дод.

Зимни суҳбат Пешвои миллат даъват намуданд, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя намуда,  ҳама ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд.

www.president.tj