Суҳбати телефонӣ

№153 (4415) 24.12.2021

24 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Пешвои миллат Сарвари давлати Озарбойҷонро ба муносибати рӯйдоди хотирмон — 60-солагии зодрӯзашон самимона табрику муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзу карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваставу созандаи муҳтарам Илҳом Алиевро дар рушди муносибатҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон махсусан таъкид намуданд.

Дар ин зимн, роҳбарони ҳар ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ ва ҷараёни мусбати инкишофи онҳоро тайи солҳои ахир қайд карданд. Ҳамчунин, алоқамандии тарафайн ба пешбурди минбаъдаи маҷмӯи равобити байни ҳар ду кишвар, аз ҷумла бо роҳи татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти қаблан бадастомада, таъкид гардид.

www.president.tj