3 январи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Зимни он сарони давлатҳо ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, баррасии баъзе аз масъалаҳое, ки 27 декабри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи тавофуқот ба даст омаданд, идома ёфт.
Мусоҳибон азми худро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия бо мундариҷаи босифат ва иловагӣ тасдиқ намуданд.