Суҳбати телефонӣ

№10 (4430) 15.01.2022

Сездаҳуми январи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор гардид.

Зимни он сарони давлатҳо вазъияти кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва оғоз гардидани хурӯҷи неруҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ ба Пешвои миллат маълумот манзур намуданд. Муҳтарам Қосим — Жомарт Тоқаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди неруҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.

Ҷонибҳо ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону  Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро низ баррасӣ карданд.

www.president.tj