Суҳбати телефонӣ

№55 (4475) 06.05.2022

4 майи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар оғоз роҳбарони ҳар ду давлат ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ ба мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Сипас, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикис­тону Ӯзбекистонро дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд. Бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардида, ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ мутобиқ ба мувофиқаҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда изҳори итминон карда шуд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба кишвари ҳамсоя дар фурсати муносиб даъват ба амал овард. Замони мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг карда мешавад.

Дар идома роҳбарони кишварҳо, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Суҳбат дар фазои эҳтиром ва эътимоди мутақобила доир гардид.

www.president.tj