11 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла суръати ҷамъоварии ғалладонагиҳо, шуниданд.
Роҳбари давлат ба раисони вилоятҳо ва ноҳияҳои зикршуда доир ба таъмин кардани истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ барои ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва хусусан, ба раисони ноҳияҳои водии Рашт доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, инчунин, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», гирифтани пеши роҳи ҳама гуна исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, ба таври қатъӣ талаб карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маҳсулоти ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.
www.president.tj