29 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халқ маслаҳати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ намуданд.
Пешвои миллат Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро ба муносибати 65-солагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон комёбиҳо орзу карданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои судманд ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардида, ояндаи рушди босамари онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми ба ҳам бародари тоҷику туркман мавриди таъкид қарор гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон, бо ишора ба фарогир будани ин раванд, ба саҳми арзандаи Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар таҳкими равобити гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар баҳои баланд доданд.
Дар ин замина, идомаи муколамаи доимии Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи гуногун, ҳамчунин андешидани чораҳои муштарак ба мақсади тавсеаи пайвастаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ҳар ду кишвар, гарави муваффақият дар ин ҷода дониста шуд.
www.president.tj