Суҳбати телефонӣ

№82 (4502) 05.07.2022

4 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 — 3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ҳар ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Ӯзбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори ҷонибдорӣ карданд.

www.president.tj