Суҳбати телефонӣ

№ 27.07.2022

Стандарти Садои мардумБисту ҳафтуми июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар рафти он сарони ҳар ду давлат муҳимияти пешбурди минбаъдаи маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид карданд. Дар ин зимн, ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд, алалхусус дар ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба бар асоси саъю талошҳои муштарак, изҳори умед карданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкор анҷом доданд.