Суҳбати телефонӣ

№118 (4538) 22.09.2022

Telerozgovor20 сентябри соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Зимни он натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд баррасӣ гардида, Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии он рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд. Президенти Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, натиҷаҳои вохӯрии сарони давлатҳоро, ки дар чорчӯбаи он бастаи назарраси қарору санадҳо оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти созмон қабул гардиданд, баланд арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон ба Президенти Ӯзбекистон дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот доданд.

Ҷонибҳо баъзе аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ карданд.

www.prezident.tj