Суҳбати телефонӣ

№25 (4608) 15.02.2023

15-уми феврали соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба боришоти барфи шадиду фаромадани тарма, ки ба талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ боис шудааст ва оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вобаста ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардидагон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.