Суҳбати телефонӣ

№64 (4647) 15.05.2023

222215 — уми майи соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов доир гардид.

Дар рафти суҳбат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ сурат гирифт.

www.president.tj