Суҳбати телефонӣ

№19 (4759) 09.02.2024

8-уми феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев телефонӣ суҳбат намуданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти саломатӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои нави бузург дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Илҳом Алиевро бо натиҷаҳои муваффақи интихоботи президентӣ ва аз нав интихоб шудан ба мақоми олии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона табрик намуданд.

Ҷонибҳо, инчунин, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуданд. Ҷараёни устувори рушду тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду давлат низ зикр карда шуд.

Дар ин замина, президентҳо ба идома додани муколамаи фаъоли сиёсӣ ва кори муштарак дар самти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон ва ғанӣ гардондани он бо мазмуни нави амалӣ омодагии худро таъкид доштанд.

Доир ба барномаи тамосҳои ояндаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.

www.prezident.tj