Суҳбати телефонӣ

№21 (4761) 14.02.2024

Стандарти Садои мардум ШарлСенздаҳуми феврали соли 2024 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд. Дар ин зимн, Сарвари давлати мо аз аҳамияти таҳкими минбаъдаи муколама миёни ҷонибҳо ҷиҳати тав­сеаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба соҳаи амният, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонис­тонро матраҳ карданд. Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи чунин барномаҳо, ба монанди БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

 Президенти Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ҳамкории бештар фаъол дар татбиқи сиёсати «иқтисоди сабз» ва «энергетикаи сабз» иброз доштанд.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории босамари минбаъда дар чаҳорчӯбаи «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо» ва таҳкими муколамаи созандаи ҳар ду минтақа аз рӯйи доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ изҳори умед намуда, оид ба ҷадвали тамосҳои оянда табодули афкор анҷом доданд.

www.prezident.tj