Суҳбати телефонӣ

№30 (4770) 07.03.2024

1Стандарти Садои мардум ШахбозПанҷуми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардидан ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Покистон самимона табрик гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.

Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии ҳар ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид.

Ба ин манзур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҳар ду кишварро таъкид карда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу амонӣ, некрӯзӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.

www.prezident.tj