Сеюми майи соли 2024 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд.
Сарварони ҳар ду давлат, ҳамчунин, ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон, муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид карданд.
Президентҳо, инчунин, оид ба масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо, дар баробари ин, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро ҳамоҳанг намуданд.
Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд, то дар вохӯрии ғайрирасмии сарварони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, иштирок намоянд.
* * *
Хадамоти матбуоти Президенти Федератсияи Россия аз натиҷаҳои ин суҳбати сарварони ҳар ду давлат чунин хабар медиҳад:
«Масъалаҳои иштироки муштарак дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Москва, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он даъват шудаанд, баррасӣ шуд.
Дар фазои корӣ ва созанда доир ба баъзе мавзуъҳои кунунии дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиди террористӣ, инчунин, дар соҳаи муҳоҷират, табодули афкор анҷом пазируфт. Дар ин замина тавофуқ ҳосил шуд, ки механизмҳои ҳамкориҳои байни вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шавад.
Ҳамчунин, изҳори итминон карда шуд, ки талошҳои охири неруҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддатнок намудани вазъ дар атрофи муҳоҷирони кории ба Россия, аз ҷумла аз Тоҷикистон, воридшаванда якҷоя пешгирӣ карда мешавад ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо вақт санҷидашудаи мардумони ҳар ду давлатро халалдор намоянд».
АМИТ «Ховар»