19 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ доир намуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро дар асоси шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.
Зимнан, ҷараёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
www.president.tj